Хабарҳо

Тоҷикистон ташаббускори истифодабарии оқилонаи захираҳои обист
- Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли мо марҳилаи пешниҳоди ташаббусҳои наҷиб доир ба дастрасии оби тоза ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта мебошад, гуфт зимни суханронӣ дар семинари илмӣ-назариявии кафедраи фанҳои табиатшиносӣ рӯзи 20 октябри соли равон устоди кафедра Вазира Орифҷонова.
Семинари мазкур ба мавзӯи “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бахшида шуда, дар он масъалаҳои марбут ба об баррасӣ гардиданд.
Баромадкунанда Вазира Орифҷонова омилҳои маҳдудкунандаи ҳамкориҳои минбаъдаи кишварро дар самти масъалаҳои об дар тағйирёбии глобалии иқлим, ки ба захираҳои об таъсири манфӣ мерасонанд, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ниёзи он ба оби ошомиданӣ, ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об донист.
Таърихи нави давлатдории мустақил нишон медиҳад, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ ва истифодаи якҷояи он дар сатҳи глобалист. Дар радифи ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҳадафи асосии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки дар доираи муносибатҳои ҳамгироӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъмини оби тоза ва муҳити зист, зарурати ҳифзи захираҳои обӣ, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад, гуфт дар охир баромадкунанда.
Сипас мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Асомуддин Қаландаров баромад карда, афзуд, ки дар давоми даҳсолаҳои охир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардидани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба масъалаҳои ҳалталаби обӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, гувоҳ аз он мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои аъзои СММ мебошад.
-Ин эътирофи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки сари масъалаи ҳифз ва истифодаи самараноки об боз ҳам пурмасъулият бошем, чунин натиҷагирӣ карда шуд дар ҳамоиш.
Машҳура Абдуллоева