Хабарҳо

ДМИТ иштирокчии ҳамоиши ҷавонон
Санаи 20-уми октябр бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ, ноибони ректорон оид ба корҳои тарбиявӣ, мудирони шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва доираи васеи донишҷўён ширкат варзиданд.
Ҳамоиш аз ду қисм: сиёсӣ ва фарҳангӣ иборат буд. Дар қисмати сиёсии он масъалаҳои ҷоннокнамоии фаъолияти сохторҳои кор бо ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, дарёфти роҳу усулҳои ҳалли мушкилоти ҷавонон ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар қисмати дувум бо иштироки ҳаваскорони ҷавон ва ҳунармандони шоистаи кишвар намоиши театрикунонидашуда пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар ин чорабинӣ Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бунафша Қодирова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Абдулло Давлатзода ва донишҷўёни фаъол намояндагӣ карданд.
Дар интиҳо, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар фаъолияти самараноки шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Бунафша Қодирова бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Алишер Назарзода