Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мастер-класс доир ба навиштани корҳои курсӣ ва хаттӣ

Мастер-класс доир ба навиштани корҳои курсӣ ва хаттӣ

Кафедраи назарияи иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт рӯзи 18 октябри соли равон маҳфили илмӣ-назариявии  «Иқтисодчиёни ҷавон» ва «Мутахассис»-ро дар мавзӯи «Ҳавасмандии донишҷӯён доир ба навиштани корҳои хаттӣ» бо иштироки дотсент Муртазоев Н., декани факултети технологиҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Нурализода А., устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ ва донишҷӯёни факултетҳои донишкада баргузор намуд. 
Зимни оғози маҳфил  А. Нурализода зикр сохт, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур тақвият бахшидани донишҳои толибилмон дар мавриди тарзи дурусти навиштани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад.
Сипас устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ оид ба тарзи навишти корҳои хаттӣ ва ба тарзи дуруст пешниҳод намудани он аз тарафи кафедраҳо, актуалӣ будани мавзӯи тадқиқшаванда, зина ба зина аз курси якуми бакалавр то давраи магистратура навиштани корҳои хаттиро фаҳмониданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки ба ҳар як донишҷӯ як мавзӯи илмӣ пешниҳод карда шавад, тамоми корҳои хаттии солҳои гузашта аз барномаи антиплагиат гузаронида, бо мавзӯъҳои соли ҷорӣ муқоиса карда шаванд. 
Дар интиҳо қайд гардид, ки минбаъд кафедраи назарияи иқтисодӣ бо дигар факултаҳои донишкада низ чунин маҳфилҳоро гузаронида, барои дар амал татбиқ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён чораҳои зарурӣ меандешад.


Сурайё Холматова
устоди кафедраи назарияи иқтисодӣ