Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баромади ансамбли «Ҷавонӣ»

Баромади ансамбли «Ҷавонӣ»

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2017, №251322/26 бо мақсади такмили корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни ҷавонон,  шуъбаҳои тарбия ва кор бо ҷавонони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 22 октябри соли равон, соати 17-00 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Парчам»-и пойтахт барномаи ҷолиби фарҳангӣ баргузор намуд. 
Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ансамбли «Ҷавонӣ»-и донишкада барои болида сохтани хотири сокинони пойтахт барномаи рангини фарҳангӣ иборат аз шеъру суруд, рақсу тарона, дуэт ва навозиш бо асбобҳои мусиқӣ пешкаши сокинон гардониданд.


Бегмурод Раҷабов
мудири шуъбаи тарбия