Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ

Вохӯрӣ бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ

Рӯзи 24 октябри соли равон тибқи нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҶТ вохӯрии устодону донишҷӯён бо намояндагони мақомоти қудратӣ  баргузор гардид. Дар он Шоҳиён Аълохӯҷа, муовини сардори ШКД-1 дар ноҳияи Сино, подполковники милитсия, Ҳусейнзода Комрон, ваколатдори калони оперативии шуъбаи калони ҷиноятии ВКД дар ш. Душанбе, Фозилзода Шуҳрат, масъули бахши ҷавонони ноҳияи Сино, Маҳмудзода Маъруф, нозири хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонон дар н. Сино ширкат ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани вохӯрии мазкур барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва андешидани тадбирҳо оид ба бартарафсозии омилҳои ба он мусоидаткунанда дар ҷомеа мебошад, иброз дошт дар баромадаш муовини ректор оид ба таълими донишкада Шукрулло Хайров. Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон чун шахсони ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибмаърифат кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ҷодаи ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва пойдории сулҳу амонӣ дар кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Фаъолияти мақомоти қудратӣ он вақт осон мегардад, ки шаҳрвандон қонунҳоро риоя намуда, ба ҳуқуқвайронкунӣ ва беинтизомии атрофиён бетараф набошанд, гуфт мавсуф. 
Зимни баромадаш Ҳусейнзода К. иброз дошт, ки масъалаи таълиму тарбияи ноболиғон, наврасон ва ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Вохӯрии мо дар соли ҷавонон ба амал меояд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҷавононро дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат баланд арзёбӣ менамоянд. Мо низ боварӣ дорем, ки боназардошти баҳои сазовори Пешвои миллат иштироки ҷавонон дар ҳимояи амнияти давлат ва шарафу номуси миллӣ ва эмин доштани Ватани худ аз ҳама хавфу хатарҳо фаъол мегардад. 
Дар ин робита, дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар байни ҷавонон дар давоми нуҳ моҳи сипаригардида  сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар шаҳри Душанбе поин рафта, дар ин муддат аз тарафи ноболиғон 26 адад ва аз тарафи ҷавонон 35 адад ҳолати содир гардидани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 22,2 % ва 3,7 % кам аст. 
Модоме, ки талошҳои роҳбарияти давлату ҳукумат ва аҳли ҷомеа дар пайи бунёди ҷомеаи ҳамаҷониба инкишофёфта мебошад, ҷавонон ва онҳое, ки дар партави донишомӯзӣ ҳастанд, бояд бо донишу истеъдод ва эҷодкорӣ дар ин самт саҳмгузор бошанд ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, илова кард дар охир Ҳусейнзода К.
Сипас Шоҳиён А. баромад карда, аз чанд ҳуқуқвайронкунии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ёдовар шуд ва ҳозиринро барои такрор накардани ин қабил кирдорҳои ношоиста даъват намуд ва оқибатҳои ногувори он ҳушдор дод. 
Дар охир Хайров Ш. ба намояндагони ВКД барои ҳамкорӣ, иштирок ва тавзеҳоти мушаххас изҳори сипос намуда, афзуд, ки бо назардошти маълумоти омории қайдгардида, кураторонро лозим аст, ки дар тарбияи дурусти мутахассисони соҳа ва тавзеҳоти ин факту рақамҳо дар соатҳои тарбиявӣ бо масъулияти баланд ва виҷдони пок амал ва донишҷӯёнро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.



Машҳура Абдуллоева