Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Қадамҳои устувори созмони ҷавонони факултет

Қадамҳои устувори созмони ҷавонони факултет

Санаи 16 октябри соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Танзими расму оинҳо-кафили пешрафти зиндагӣ»-ро бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт баргузор намуд, ки дар он 21 нафар донишҷӯёни фаъоли ДМИТ бо роҳбарии раиси Созмони ҷавонони факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ ба иштирокчиён сабти видеоӣ, ки шарҳи бевоситаи дигаргуниҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар бар мегирифт, намоиш дода шуд. 
Сипас намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир ба масъалаҳои камхароҷот гузаронидани маъракаву маросим ва расму оинҳои миллӣ ибрози назар карданд. 
Ҳамчунин  дар хусуси ҳимояи арзишҳои миллӣ, аз қабили сару либос, забон, урфу одат, оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ ва инчунин дар мавриди аҳамияти Соли ҷавонон маърӯзаҳо шунида шуд.


Мубораки Назирмад,
эдвайзер оид ба тарбия