Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили рӯзи оморшиносон

Таҷлили рӯзи оморшиносон

Кафедраи омор ба муносибати Рӯзи байналмилалии оморшиносон рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ маҳфили илмии донишҷӯёнро баргузор намуд. Зимни оғози маҳфил мудири кафедра Мастура Буриева иброз дошт, ки такмили муҳити мусоиди фаъолияти оморӣ яке аз самтҳои муҳимми таъмини рушди иқтисодиёт ба шумор меравад. 
Сипас донишҷӯи курси 4 ихтисоси омор Меҳроҷ Сатторов дар мавзӯи «Пайдоиш ва инкишофи илми омор» маърӯза намуда, зикр кард, ки илми омор ҳамсолу ҳамқадами таърихи тамаддун буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо фаъолият намудааст. Миллати тоҷик низ бо олимони барҷастаи соҳаи риёзиёт, ба монанди Ал-Хоразмӣ, Умари Хайём, Насриддин Тӯсӣ, Ибни Сино ва дигарон бешубҳа соҳиби назарияҳои ҳисобдории муайян буд. 
Ҳамзамон донишҷӯи курси 3 ихтисоси омор Зебониссо Нуралиева дар мавзӯи «Омор ва рушди иқтисод» баромад карда, иброз дошт, ки мақомоти омори давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо пешниҳоди маълумотҳои эътимодноку босифат талаботи гурӯҳҳои гуногуни истеъмолкунандагонро таъмин намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми босазо мегузорад. 
Дар фарҷом, доир ба нишондиҳандаҳои назарраси иқтисодию иҷтимоии кишвар, рушди илм ва инноватсия миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.


Холов Рустам,
устоди кафедраи омор