Хабарҳо

Равияи Шуубия ва ташаккули он
Санаи 25-уми октябри соли 2017 бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ маҳфили илмиву назариявии «Фарҳангдўст» дар мавзўи «Ҷунбиши шуубия: заминаҳо ва сабақҳои таърихӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил масъалаҳои рушду инкишофи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии ҷараёни Шуубия, заминаҳои пайдоиш ва ташаккулу рушди равияи мазкур, забони баёни Шуубия ва мафҳуми Шуубия баррасӣ гардиданд. Дар оғози маҳфил профессор Ғуломҷон Мирзоев, қайд намуд, ки фарҳанги маънавии инсон аз унсурҳои созмонёфта ташаккул меёбад. Унсурҳои мазкур баргирифта аз маданияти динию мазҳабӣ, маданияти сиёсӣ, ҳаёти маънавӣ, ҳуқуқӣ, шакли шуури динӣ ва ҳамаи он чизе, ки ба ҳаёти маънавӣ тааллуқ дорад, ангезаҳои ташаккулёбандаи маданият ё худ фарҳанги ҷомеавӣ маҳсуб меёбад. Фарҳангу маънавиёт ҳудуд надорад. Ташаккули фарҳанги маънавӣ тамоми соҳаҳои фаъолияти эҷодӣ ва маданиро дар бар мегирад.
Доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфулло Муллоҷонов дар баромади худ афзуд, таърих гувоҳ аст, ки пойдевори истиқлоли ташаккули ҳокимияти тоҷиконро намояндагони равияи Шуубия гузоштаанд. Заминаҳои пайдоиши ин ҷараён дар сарзамин ва минтақаҳои тоҷикнишин пайдо шуда, ташаккул ёфтааст. Дар ибтидои пайдоиши ислом арабҳо пароканда ва ба таври қабилавӣ зиндагӣ карда, дар куштор ва ғорати ҳамдигар пешдастӣ мекарданд.
Дар фарҷоми маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифта, дар ҳошияи ин мавзўъ устодон андешаҳои худро баён доштанд.
Ҳасан Бойназаров,
устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ