Хабарҳо

ДМИТ дар меҳмонии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақша-чорабиниҳои Соли ҷавонон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати зеҳниву хештаншиносии онҳо ва ба вуҷуд овардани ҳисси милливу баҳамоии ин қишри ҷомеа лоиҳаи ҷадид зери унвони «Дар меҳмонии ректор» таҳия ва роҳандозӣ гардид.
Дар доираи лоиҳаи мазкур донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии кишвар ба таври пешниҳодӣ ба ҳам оварда шуда, меҳмони ректорон мегарданд.
Нахустин шуда, он дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 24-25 моҳи октябри соли ҷорӣ аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои касбӣ ва олии кишвар фаро гирифта шуданд.
Субҳи рӯзи 24 моҳи октябр ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар саҳни донишгоҳ меҳмононро истиқбол гирифтанд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Шарифзода Мумин Машокир-ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз гардид. Номбурда амалинамоии ин лоиҳаро иқдоми наҷибе ҷиҳати баҳамоии ҷавонони кишвар унвон намуда, зикр сохт, ки он рамзи дӯстии насли ҷавони Тоҷикистон, махсусан донишҷӯён мебошад.
Сипас Абдуллозода Аҳтам Рустам - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни лоиҳаи «Дар меҳмонии ректор»-ро ҷиҳати оғози он таҳният намуда, мақсаду вазифаҳои лоиҳаро шарҳу тавзеҳ дод. Аз ҷумла зикр намуд, ки ин лоиҳа метавонад василаи мубраме барои табодули таҷрибаи сохторҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои касбиву олии кишвар, баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати зеҳнии ҷавонон, ташаккули неруи инсонӣ дар кишвар, фароҳам овардани шароити мусоиди густариши маърифати технологии ҷавонон ва маҷмӯан густариши ғояҳои давлатдориву давлатсозии миллӣ миёни ин қишри фаъоли ҷомеа, инчунин тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии онҳо аз хатару таҳдидҳои зуҳуроти номатлуби асри навин мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш Раҳматулло Мирбобоев -муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ташаббусу иқдомоти ҷавонони кишвар сухан намуда, баён дошт, ки мо боварии комил дорем дар оянда ҷавонони кишварамон чун пайравони асили Пешвои миллат дар идора ва устуворсозии пояҳои давлатдории миллӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Зимни баромади хеш Н.Ғафорӣ, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар бобати нақши Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсии кишвар ва ташаккули шахсияти ҷавонон сухан гуфта, иброз дошт, ки рӯҳи хастанопазири Пешвои миллат заминаи аслие дар роҳи бунёди давлатдории мустақилу миллии тоҷикон ва ташаккули шахсияти ҷавонон дар раванди давлатсозии миллӣ гардид.
Идомаи рӯзномаи лоиҳаи «Дар меҳмонии ректор» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз намоиши дастовардҳои донишгоҳ; конфронси ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» намоиши барномаи фарҳангиву фароғатии ансанбли «Ошёни меҳр»-и донишгоҳ зери унвони «Шоми ҷавонӣ» дар Боғи фароғатии Камоли Хуҷандӣ бо иштироки шоирону нависандагони халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзода, Фарзона, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Озарахш; шиносоӣ бо маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол»; ҳамоиши мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои касбӣ ва олии кишвар дар мавзӯи «Иқдомҳои созандаву бунёдгузор»; аксияи сайёҳии ҷавонон зери унвони «Дӯстӣ бидуни маҳдудият» дар осорхонаи вилоятӣ ва Қасри таърихии Арбоб ва осорхонаи Саидхуҷа Ӯрунхӯҷаев иборат буд.
Дар чорабинии «Дар меҳмонии ректор»-и ДДҲБСТ Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро Давлатзода Абдулло - мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Алиев Музафар-донишҷӯи курси 4, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ, Фатҳуллоева Ҷавшан-донишҷӯи курси 3, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт намояндагӣ намуданд.
Зимни баргузории конфронси ҷумҳурияии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» Давлатзода Абдулло дар мавзӯи «Иҷлосияи xvI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Пешвои миллат ва ҷавонон» сухан намуда, иброз дошт, ки маҳз ҳамин Иҷлосия боис гардид, ки миллати тоҷик роҳбари ҷасуру давлатсоз ва хастанопазири хешро интихоб намуда, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузорад ва роҳи эъмори давлатдории миллиро пеша намояд.
Ҷиҳати иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва лоиҳаи мазкур Давлатзода А. бо Сипосномаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Умуман, роҳандозии ин иқдоми ҷадид зери унвони «Дар меҳмонии ректор» ба таври густурда нишон дод, ки он василаи муассиру самарабахше дар самти баҳамоии ҷавонони кишвар, ташаккули маърифати зеҳнии онҳо, густариши рағбату дӯстии насли навин, фароҳам овардани ғояҳои мубрами миллӣ ва эмин нигоҳ доштани ин қишри ҷомеа аз муаммову мушкилоти хатарафзои замони муосир мебошад.
Фаридун Саидов, мутахассиси шуъбаи тарбия