Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муаммоҳои баҳисобгирии андозӣ

Муаммоҳои баҳисобгирии андозӣ

Рузи 26 октябри соли ҷорӣ кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ семинари илмии донишҷӯёнро бо иштироки ҷонишини сардори Раёсати андози вилояти Суғд Обиди Маҳмадсаид баргузор намуд.
Зимни оғози семинар декани факултет Фирӯз Насриддинов иброз дошт, ки дар шароити имрӯза идоракунии андозбандии ташкилотҳоро бе барномаҳои компютерӣ, ки барои тартиб додани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, ордерҳои даромад ва хароҷоти хазинавӣ, бурдани баҳисобгирии дохилшавии андозҳо аз ҳисоби шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ва дигар тасаввур кардан ғайриимкон аст. 
Сипас Обиди Маҳмадсаид дар мавзӯи «Муаммоҳои низоми андоз ва баҳисобгирии андозӣ дар шароити иқтисодиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, иброз дошт, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ механизмҳои андоз ба инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ, динамика ва сохтори истеҳсолоти ҷамъиятӣ, тақсимоти он имкониятҳои калони таъсиррасониро доранд. Ҷамъоварӣ ва пардохтҳои андозӣ сарчашмаи асосии ташкилёбии буҷети давлат ба ҳисоб меравад, чунки барои ҳар як давлат барои иҷро намудани вазифаҳои худ фонди воситаҳои пулӣ зарур мебошад ва ба мо маълум аст, ки сарчашмаи асосии воридоти захираҳои молиявии давлат ин аз ҳисоби пардохтҳои андозӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.  
Дар фарҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. 


Пайрав Бобомуродов,
устоди кафедра