Хабарҳо

Баҳогузории низоми бонкии кишвар аз ҷониби илм
Рӯзи 28 октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкӣ ва Раёсати илм ва инноватсия дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳолати низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити буҳрони молиявӣ» доир гардид. Дар кори он Аламхон Наимӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва олимону коршиносони соҳа иштирок доштанд.
Ректори донишкада, профессор Қудрат Давлатзода зимни ифтитоҳи кори конфронс мақсади баргузории онро дар баррасӣ ва гирдоварии андеша ва пешниҳодҳои иқтисодшиносон ва мутахассисони соҳаи бонкдории кишвар барои ҳалли проблемаҳои рӯзафзуни шароити имрӯзаи низоми бонкӣ донист. Мавсуф, ҳамчунин иброз дошт, ки ташаккули низоми бонкии кишвар ба талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии бевосита дорад. Дар марҳилаҳои нахустини даврони истиқлолият бо ташаббусҳои Пешвои миллат асосҳои институтсионалии ташаккул ва инкишофи низоми бонкӣ фароҳам оварда шуда, кафолати давлатии таъмини амнияти моликият ва фаъолият имконият дод, ки дар як давраи кӯтоҳ низоми бонкии кишвар ташаккул ва инкишоф ёбад. Дар ин радиф барориши пули миллӣ ва танзими сиёсати пулӣ ва муомилоти пулӣ низ дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад.
Самтҳои афзалиятноки рушди бозори молиявӣ ва низоми бонкии кишвар, ки дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст, имконият медиҳад, ки низоми бонкии кишвар дар ояндаи наздик ба рушди бемайлон ноил гардад.
Дар ҷамъбаст профессор Давлатзода Қ.Қ. ташаккули низоми бонкии кишварро дар такмили иқтидор ва рақобатпазирии муассисаҳои молиявӣ ва инкишофи инфрасохтори бахши молиявӣ, таъмини дастрасӣ ва гуногунсозии сарчашмаҳои молиякунонии дарозмуддати бахши воқеии иқтисодиёт, тавсеаи номгӯи маҳсулоти бонкии хусусияти инноватсионидошта, тақвияти иқтидори кадрии муассисаҳои молиявии ҳамаи сатҳи низоми бонкӣ, пурзӯр кардани ислоҳоти институтсионалӣ дар бахши молиявӣ ва ғайра маънидод кард.
Сипас Сироҷиддин Икромӣ дар мавзӯи «Устувории низоми бонкӣ ва нақши он дар рушди ташкилотҳои қарзӣ» баромад карда, фаъолияти бонкии имрӯзаи кишварро мушаххасан таҳлил намуда, роҳҳои такмили низоми бонкии кишварро дар иҷрои корҳои зерин донист, аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ, дуруст ба роҳ мондани идоракунии дороиву уҳдадориҳо, баланд бардоштани маданияти қарздиҳӣ, таҳлили дурусти ҳолати молиявии қарзгир, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, тавсеаи амалиётҳои ғайринақдӣ, таъмини риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ. Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки самаранокии чораҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон, махсусан дар самти «дедоларизатсия»-и иқтисодиёт, пешниҳоди асъори воридшуда бо пули миллӣ ва такмили низоми амалиётҳои молиявию қарзӣ имконият дод, ки сатҳи беқурбшавии пули миллӣ дар солҳои охир дар дараҷаи зарурӣ нигоҳ дошта шавад.
Баъдан Раҳматшо Сайисмонов, муовини раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Хавфҳои низом ва муаммоҳои актуалии соҳаи бонкӣ», Алимурод Бобоев, мудири МХБ ҶСК «Ориёнбонк», дар мавзӯи «Танзими давлатии сиёсати асъор дар шароити буҳрони молиявию бонкӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.
Вобаста ба тақвият ва пешбурди сиёсати асъорӣ чанд пешниҳод карда шуд.
Сипас дар бахшҳо масъалаҳои зерини низоми пулию бонкӣ баррасӣ гардидаанд, аз қабили устувории молиявӣ, хавфи низомӣ ва сиёсати макропроденсуалӣ; муаммоҳои сиёсати пулию қарзӣ ва таъсири он ба низоми бонкӣ; роҳҳои устуворгардонии қурби асъор ва танзими он дар низоми бонкӣ; устувории низоми бонкӣ ва нақши он дар рушди ташкилотҳои қарзӣ; хавфҳои молиявӣ ва роҳҳои идора кардани он; таҳкими назорати бонкӣ дар доираи талаботи Кумитаи Базелӣ оид ба назорати бонкӣ; баланд бардоштани рақобатпазирии бонкҳо дар шароити буҳрони молиявӣ; роҳҳои бартараф кардани буҳрони молиявӣ дар шароити нобаробарии низоми бонкӣ.
Бояд гуфт, ки маҷмӯаи маводи конфронс қаблан ба табъ расида, пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
Дар ҷамъбаст аз натиҷаи кори конфронс ба Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор пешниҳоду тавсияҳои илман асоснок карда шуд.
Машҳура Абдуллоева