Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ

Вусъати корҳои ободонӣ

Тибқи дастуру супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободонӣ имрӯз дар донишкада шанбегии умумидонишкадавӣ шуда гузашт. Дар шанбегӣ устодону донишҷӯён зиёда аз 300 нафар иштирок намуда, муташаккилона гирду атрофи донишкадаро тоза ва заминҳои наздиҳавлигиро нарм карданд. Бо ин ҳашари умумӣ аҳли донишкада ҷиҳати тоза нигаҳ доштани муҳити зист ва дар ободониву кабудизоркунии шаҳри Душанбе саҳми арзандаи хешро гузоштанд. 
Аҳли донишкада аз кӯчаи Борбади ноҳияи Сино (масҷиди католикӣ) то кӯчаи Нахимов 64/14 ҳудуди бозори Деҳқонро тозаву озода карданд. Ҳамчунин заминҳои наздиҳавлигиву бехи дарахту буттаҳоро мулоим ва ҷӯйборҳоро тоза карданд.
Бояд қайд намуд, ки шанбегӣ ду рӯзи дигар, яъне 31 октябр ва 1 ноябр давом хоҳад кард.


Бегмурод Раҷабов, 
сардори шуъбаи тарбияи донишкада