Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзиши тарзи навишти корҳои илмӣ

Омӯзиши тарзи навишти корҳои илмӣ

Бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодӣ аз аввали моҳи октябр инҷониб байни факултетҳои ДМИТ бо ҷалби курсҳои 2 маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Методологияи тадбиқи илмӣ ва тарзи навишти кори курсӣ» гузаронида мешавад.
Чорабинии навбатӣ бошад, рӯзи 27-уми октябр дар байни донишҷӯёни факултети ҳисобдорӣ ва омор баргузор гардид.
Нахуст мудири кафедра, дотсент Ф. Убайдов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд кард, ки ин иқдом ба донишҷӯён имконият медиҳад то аз тарзи татбиқи методологияи илм бархӯрдор шаванд ва нозукиҳои онро ҳангоми навиштани мақолаи илмӣ, рисолаи дипломӣ ва рисолаи магистрӣ истифода намоянд.
Сипас, дотсенти кафедра Н. Муртазоев зимни суханронии хеш афзуд, ки дар доираи барнома зиёда аз 300 мавзӯъ оид ба кори курсӣ вобаста ба вазъи макроиқтисодии кишвар таҳия шуда, байни донишҷӯёни курси дуюм тақсим шудааст.
Инчунин эдвайзер оид ба таълими факултети ҳисобдорӣ ва омор С. Нуриддинов ва устоди калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Б. Бобомуродов ба донишҷӯён тарзи истифодаи адабиёт, овардани иқтибос, дарёфти сарчашмаи илмӣ ва истифодаи маълумотҳои омориро фаҳмониданд.


Давлатманд Балхов,
устоди кафедраи назарияи иқтисодӣ