Хабарҳо

Баррасии низоми андозбандӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ
Санаи 26 октябри соли равон бо ташаббуси дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ Хуршед Ҷумабоев маҳфили зеҳнии «Иқтисод ва ҷомеа» дар мавзӯи «Роҳҳои такмили низоми андозбандӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ» баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ декани факултет Хуршед Давлатов қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони инфиродии бо патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда аз рӯи тартиби содакардашуда андозбандӣ карда мешаванд. Ин табақаи андозсупорандагон зиёд буда, ба соҳибкорӣ ҷалб гардидани онҳо барои ҳалли мушкилоти зиёди иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Дар маҳфили имрӯза роҳҳои такмили андозбандӣ нишон дода мешавад, ки барои мутахассисони оянда басо муфид аст.
Сипас Хуршед Ҷумабоев вобаста ба мавзӯи баррасишаванда баромад намуда, афзуд, ки новобаста аз зиёд будани теъдод, барои назорати андози соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият менамоянд, хароҷоти зиёд зарур нест, зеро фаъолияти онҳо мавриди санҷиши ҳуҷҷатии андоз қарор дода намешавад. Бояд боз як нуктаи дигари муҳимро ҳам қайд намуд, ки дар ибтидо истифодаи патент ҳамчун зинаи нахустини ворид гаштани шаҳрванд ба иқтисоди бозаргонӣ дар назар дошта мешуд.
Мавсуф зикр кард, ки шаҳрванд бо тартиби содатари андозбандӣ ба соҳибкорӣ оғоз намуда, пас аз пайдо кардани таҷриба ба тартиби бо шаҳодатнома фаъолият намудан мегузарад ва аллакай ҳуқуқ дорад, ки коргари кироя гирад, фаъолияти иқтисодии хориҷиро амалӣ созад, инчунин уҳдадор аст муҳосиботро пеш барад ва ба мақомоти андоз эъломия ва ҳисоботҳои андозро пешниҳод намояд. Дар ҳар сурат барои дар шакли шахси ҳуқуқӣ фаъолият намудани андозсупоранда ва пурра ба иқтисоди бозаргонӣ ворид гаштани он ин зина ҳам метавонад як зинаи навбатӣ ва касб кардани таҷрибаи кофии соҳибкорӣ бошад.
Дар интиҳо миёни иштирокчиён оид ба мавзӯъ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷовидон Халифаев