Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Биржаи фондӣ ва имкониятҳои нави он

Биржаи фондӣ ва имкониятҳои нави он

30 октябр бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавӣ семинари илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои ҷадид бо биржаи фондӣ» бо иштироки намояндагони ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» ва устодону  донишҷӯёни донишкада гузаронида шуд.
Дар семинар Умеда Раҳмонова, муовини директори ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ», Қадриддин Нигматов, директори Пром-инвестори Биржаи фондӣ ва Манижа Ҳошимова, таҳлилгари молиявии Биржа иштирок намуданд. Меҳмонон дар бораи вазифаю ҳадафҳо ва имкониятҳои ҷадиди Биржаи фондӣ ба ҳозирин иттилои амиқ пешкаш намуданд.
Пас аз суханронӣ саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар охир зикр гардид, ки Биржаи фондӣ доимо омодаи ҳамкорӣ бо ДМИТ буда, донишҷӯён метавонанд ҳамеша барои аз наздик ошно шудан бо фаъолияти он ба ин муассиса биёянд.


А. Муминов,
мудири кафедраи фаъолияти биржавӣ