Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Саҳмгузорӣ дар беҳдошти экологӣ

Саҳмгузорӣ дар беҳдошти экологӣ

Тибқи дастуру супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тозаву озода кардани гирду атрофи донишкада ду рӯз аст, ки дар ДМИТ шанбегии умумидонишкадавӣ гузаронида мешавад. Устодону донишҷӯён дар умум зиёда аз 200 нафар дар ин иқдоми наҷиб иштирок карданд. Онҳо ҳавлии донишкадаро аз баргҳо пок карда, рӯфтанд ва ҷӯйборҳоро тоза ва замини наздиҳавлигиро побел карданд.
Қисми дигари иштирокчиёни шанбегӣ қад-қади роҳи донишкадаро аз хазонрез тоза карда, дар беҳдошти экологӣ ва ободонии пойтахти мамлакат саҳми худро гузоштанд. 
Шанбегиҳо дар нимаи аввали рӯз ва нимаи дувуми рӯз гузаронида шуданд. Шанбегӣ пагоҳ низ идома меёбад.


Абдуллоева М.