Хабарҳо

Пешгирӣ аз табобат осонтар аст!
Дар хобгоҳи №1-и донишкада вохӯрии донишҷӯён бо духтури минтақавӣ аз маркази саломатии шаҳрии №1 Сайрам Саидова баргузор гардид.
Ин мутахассис дар баромади худ оид ба бемории обакон ба донишҷӯён маърӯза намуда, сар задани ин беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ ва мубориза ба онро фаҳмонид.
Сайрам Саидова иброз намуд, ки обакон бемории шадиди сироятӣ буда, бештар луопардаҳо ва пӯсти танаро фаро мегирад. Барангезандаи ин беморӣ вируси герпес буда, роҳи сироят узвҳои нафаскашӣ мебошад.
Тарзи табобат аз гигеенаи шахсӣ, парҳез аз шириниҳо ва таомҳое, ки бо биринҷу донагӣ пухта мешаванд, иборат мебошад.
Ба андешаи мутахассиси соҳа, бемор бояд саривақт ба духтур муроҷиат намояд.
Дар охир донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Коменданти хобгоҳ таъкид намуд, ки агар тозагиро риоя намуда, дар хобгоҳ ҳуҷраҳо, ҳоҷатхона, ҳаммом ва ошхонаҳоро тозаю озода нигоҳ доред, ба ягон намуди беморӣ гирифтор намешавед.
Ҷ. Боймуродов