Хабарҳо

Дарси тарбиявӣ дар хобгоҳ
Рӯзи 26 октябри соли равон дар хобгоҳи №2-и донишкада устодони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ, Одил Улуғов ва Раъно Кузиева бо донишҷӯён вохӯрӣ гузаронида гузарониданд.
Дар вохурӣ, устодон ба донишҷӯён доир ба масъалаҳои экологӣ яъне тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои нохуши он маърӯза намуданд.
Одил Улуғов н.и.к., дар баромади худ зикр намуд, ки ҳар як шахс новобаста аз мансаб ва вазифа бояд нисбат ба муҳити зист ғамхорӣ зоҳир намояд. Муҳит ва табиате, ки моро иҳота кардааст, манбаи ҳаёт дар кураи Замин ва асоси тараққиёти ҷамъиятро ташкил карда, сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавии инсон ба ҳисоб меравад. Яке аз проблемаи глобалие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ин норасоии оби тоза ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузи Созмони Миллали Муттаҳид солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор» намуданд, ки аз ҷониби беш аз 193 давлати ҷаҳон дастгирии комил ёфт. Масъалаи оқилона истифода бурдани оби нӯшокӣ на фақат барои Тоҷикистон, балки дар доираи тамоми ҷаҳон яке аз масъалаҳои муҳими асри XXI ба ҳисоб меравад, афзуд Улуғов О.
Ҳамчунин Раъно Қузиева дар навбати худ иброз дошт, масъалаҳои экологӣ ва иқтисодӣ яке аз проблемаҳои асосии замони муосир ба шумор мераванд. Истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, нигоҳдории мувозинати экологӣ, солимгардонии муҳити зист, барқарорсозии захираҳои табиӣ, таъмини бартариҳои экологӣ, муҳофизати табиат, истеҳсолоти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза вазифаи умумидавлатӣ, кори тамоми мардум ва қарзи маънавии ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар охир гуфта шуд, ки муассисаҳои соҳаи ҳифзи табиат ҳамчунин созмонҳои байналмилалие, ки баҳри беҳдошти вазъи экологии кишвар фаъолият мебаранд, зарур аст нисбати беҳбудии муҳити зист тадбирҳои судманд андешанд.
Хисрав Муҳиддинов