Хабарҳо

Аз таърихи андозбандӣ
Санаи 26 октябри соли равон кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ маҳфили «Ҳисобдорони ҷавон»-ро дар мавзӯи «Муаммоҳои низоми андоз»доир намуд.
Зимни оғози чорабинӣ декани факултет Фирӯз Насриддинов таъкид намуд, ки барои хуб ба роҳ мондани низоми андозбандӣ дар мамлакат бояд сатҳи зиндагии мардум ба назар гирифта шавад ва дар баробари ин баҳри ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷӣ ба мамлакат шароит фароҳам овардан зарур аст.
Сипас Манучеҳри Ф., донишҷӯи курси 3 дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши андоз» баромад карда, иброз дошт, ки андоз яке аз нишонаҳои давлатдорӣ буда, ифодагарии сиёсати мустақилона дар бахши молия мебошад. Таҳлили ин масъала аз нигоҳи таърихӣ дар асарҳои мутафаккири асри XIII Насриддини Тусӣ «Дар молиёт» ва «Рисола дар расму оини подшоҳони қадим, тарзи гирифтани молиёт ва хироҷ ва масорифи он» хеле хуб тасвир ёфтааст. Ба ақидаи ин мутафаккир низоми андозбандӣ бояд ба тавре сохта шавад, ки ҳолати воқеии андозсупорро ифода намояд ва илова бар ин, андоз набояд кӯшиши ривоҷи истеҳсолотро бикоҳонад, гуфт дар баромадкунанда.
Вобаста ба мавзӯи баррасишаванда дар интиҳо миёни ҳозирин мубоҳиса сурат гирифт.
Шарифзода Н.,
устоди кафедра