Хабарҳо

Ҳашари умумӣ баҳри ободонӣ
Инак се рӯз аст, ки дар донишкада бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2017, №5508 бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон, маҳаллаҳо ва гирду атрофи биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишҷӯён ҳашари умумӣ доир мегардад.
Кормандон ва донишҷӯёни донишкада шумораи зиёда аз 340 нафар субҳи рӯзи 1 ноябр аз соати 9-00 дар басти аввал ва аз соати 14-00 то соати 16-00 дар басти дуюм аз кӯчаи Борбади ноҳияи Сино (масҷиди католикӣ аз ду тарафи роҳ) то ҳудуди бозори Деҳқон, кӯчаи Нахимов 64/14 бо гузаргоҳҳояш, кӯчаҳои Мир, Юсуф Вафо ва атрофи бозори Деҳқонро тозаву озода карданд. Ҳамчунин заминҳои наздиҳавлигиву бехи дарахту буттаҳоро мулоим ва ҷӯйборҳоро тоза карданд.
Инчунин кормандони раёсати хоҷагидорӣ дар дохили биноҳои таълимӣ ва биноҳои хобгоҳҳо корҳои тозаву ободониро, ба монанди рӯбучини баргҳои хушки дарахтон, шустани роҳраву дарахтон, дару тирезаҳои биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва бартараф намудани чангу ғуборҳоро ба анҷом расониданд.
Бояд қайд намуд, ки дар рӯзҳои 30, 31 октябр ва 1 ноябри соли 2017 раёсати донишкада, қисматҳои тарбия ва хоҷагидорӣ дар ҳашари умумидонишкадавӣ роҳбарии умумиро ба уҳда дошта, иштироки фаъолонаи кормандону донишҷӯёнро фориғ аз соатҳои дарсӣ ба роҳ монданд.
Раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти корҳои ободонӣ якдилона саҳмгузор хоҳанд буд.
Раҷабов Б.С., мудири шуъбаи тарбия