Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пешниҳоди такмили омӯзиши забони англисӣ

Пешниҳоди такмили омӯзиши забони англисӣ

Рӯзи 1-уми ноябри соли ҷорӣ дар ДМИТ бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷӣ конфронси илмӣ-амалии донишкадвӣ дар мавзӯи «Усулҳои фаъоли таълими забон аз рӯи ихтисос» дар доираи «Барномаи такмили омӯзиши забонҳои англисӣ-русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-20» гузаронида шуд. 
Онро Қодиров Ф., муовини ректор оид ба илм ифтитоҳ намуда, дар бораи татбиқи «Барномаи такмили омӯзиши забонҳои англисӣ-русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-20» дар донишкада ва зарурати баланд бардоштани сифати таълими забонҳои русӣ ва англисӣ истода гузашта, баргузории конфронси мазкурро таконбахши он маънидод кард. 
Мувофиқи барномаи конфронс дар аввал профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мутарҷим Абдусалом Мамадназаров баромад намуда, оид ба усулҳои фаъоли таълим дар шароити муосир суханронӣ кард. Мавсуф, аз ҷумла қайд кард, ки таваҷҷуҳи хоссаи Давлату Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ омӯзгорони забони англисиро водор месозад, ки дар такмили донишҳои худ ва босифат гузаронидани машғулиятҳои фаннӣ ва дар ин замина ба забономӯзӣ ҷалб намудани донишҷӯён ҷиддӣ муносибат кунанд.
Дар ин баробар профессор Мамадназаров А., ҳамчунин оид ба тарҷумаи асари тозанашраш бо номи «Маърифати гумшуда»-и олими англис С.Фредерик Стар, ки фарогири таърихи чандинҳазорсолаи мардуми Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла халқи тоҷик аст, маълумот дода, аз он як нусха ба кафедра эҳдо намуд. Тавре мавсуф қайд кард, аз китоби мазкур таҳаммулпазирӣ, гуногунандешӣ ва барои халқ хизмат кардани илму технологияҳои мавҷударо омӯхтан мумкин аст.
Дар идомаи кори конфронс устодони кафедра Якубова В.А., Орзуева П., Раззоқбердиев Ш., Ширинбекова С. ва донишҷӯи курси 2, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Абдуллоева Г. бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад карда, истифодаи роҳу усулҳои муосири таълимро дар омӯзиши забони англисӣ пешниҳод карда, самарабахшии онро бо мисолҳо оварданд.
Кори конфронсро мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, дотсент Туйғунов Н.Ҳ. ҷамъбаст карда, мунтазам гузаронидани чунин чорабиниҳоро омили баландбардории сифати таълим арзёбӣ кард.
Конфронс ба забони англисӣ сурат гирифт.


Машҳура Абдуллоева