Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ихтироъкории донишҷӯ

Ихтироъкории донишҷӯ

Кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт рӯзи 1 ноябри соли равон маҳфили илмии донишҷӯёнро дар мавзӯи «Таҳияи барномаи беҳтарин дар забони Microsoft Visual Basic» баргузор намуд.
Дар маҳфил донишҷӯи курси 4, Субҳия Давлатқадамова зери роҳбарии устодони кафедра Ҳалимов Илҳом ва Мирзоев Нуралӣ барномаи таҳия кардаашро, ки «Бақайдгирии электронии кори куратори гурӯҳ» номгузорӣ кардааст, ба иштирокчиён муаррифӣ кард.
Мақсади асосии барномаи таҳияшуда ин содагардонии кори кураторони гурӯҳ мебошад. Тавассути барномаи мазкур тамоми амалиётҳои куратори гурӯҳ ба таври электронӣ сурат гирифта, дар ҳолатҳои зарурӣ оид ба ҳар як донишҷӯи гурӯҳ метавон ба таври фаврӣ маълумот пайдо кард. 
Дар охир қайд гардид, ки барномаи мазкур дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дастоварди хуб маҳсуб ёфта, онро дар муассисаҳои таълимӣ метавон ба нафъи кор истифода бурд.  


Хисрав Муҳиддинов