Хабарҳо

Конститутсия - шиносномаи миллат
01.11.2017. Имрӯз кафедраи фанҳои гуманитарӣ бахшида ба 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмии донишҷӯёнро дар мавзӯи «Аз таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд.
Маърӯзачии маҳфил ассистенти кафедра Далер Сангинов дар мавзӯи «Аз таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз 5 маротиба, яъне тайи солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳо қабул гардидаанд. Вале Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дорад. Зеро он аз ибтидои қабул то имрӯз мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Далер Сангинов афзуд, ки таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагори таърихие буд, ҳаст ва хоҳад монд. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамун месозад.
Дар фарҷоми ҷамъомад қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ, самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст.
Иқбол Ҷобиров,
устоди кафедра