Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Беҳтарин хонандаи китобҳои Пешвои миллат муайян гардид

Беҳтарин хонандаи китобҳои Пешвои миллат муайян гардид

Факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо мақсади дарёфти донишҷӯи лаёқатманди китобхон санаи 31 октябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои Пешвои миллат»-ро баргузор намуд. 
Дар озмун 8 нафар донишҷӯи факултет аз рӯи шартҳои зерин: 
1. Дарки моҳияти осори интихобнамуда;
2. Баёни мазмун ва ғояҳои асосии китоб;
3. Аҳамият ва нақши китобҳои муаррифишуда дар ташаккули афкори ҷавонон;
4. Пешниҳод ва шакли расонидани моҳияти китобҳо (истифодаи воситаҳои техникӣ ва ғ.);
5. Баҳогузории иштирокчиён – шунавандаҳо аз толор ба довталабон баромад карданд.


Ҳайати ҳакамон муовини ректор оид ба тарбия Бунафша Қодирова, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов, устоди кафедраи забонҳои русӣ Ҷумъа Махшулов ва сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Давлатзода Абдулло аз миёни иштирокчиён беҳтаринҳоро муайян ва баҳогузорӣ намуданд.
Ҳакамон донишҷӯёни зеринро бо мутолиаи бештари китобҳои Пешвои миллат ғолиб донистанд, аз ҷумла Азизова Соҳиба, донишҷӯи курси 1, сазовори ҷойи якум, Қурбонализода Давлаталӣ, донишҷӯи курси 2 - ҷойи дуюм ва Ҳаётзода Маҳваш, донишҷӯи курси 2 - ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи садорати факултет сарфароз гардонида шуданд. 


Мубораки Назирмад, 
эдвайзер оид ба тарбия