Хабарҳо

Имкониятҳои китобхона фарох мегардад
Тавре ҳамагон медонанд, дар донишкада айни ҳол китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ фаъолият намуда, имрӯз бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз ва барои донишҷӯён ва магистрантону омӯзгорон хизмат мерасонад.
Бо кумак ва дастгирии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар соли 2016 ба китобхонаи илмии донишкада таҷҳизоти нави замонавӣ, аз ҷумла 36 рафи китобгузорӣ, 20 мизи корӣ, 100 курсӣ барои нишаст, 3 мизи корӣ барои насби компютерҳо барои барномаи картотекӣ, 2 рафи корӣ барои намоиши китобҳо, 4 аробача барои кашонидани китобҳо дар дохили китобхона ва толори хониш ва 2 мизи кории нави замонавӣ барои фаъолияти кормандон ворид гардида буд. Инчунин аз ҳисоби лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо 1168 нусха китобҳои нави соҳаҳои иқтисодӣ ба забони русӣ, инчунин 397 нусха адабиёти соҳаҳои иқтисодӣ ба забони англисӣ барои гурӯҳҳои забони хориҷӣ (англисӣ) таҳсилкунанда тақдим карда шуд. Ҳамчунин аз ҳисоби лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар китобхонаи электронӣ 18 дона компютер ва 1 дастгоҳи нусхабардории ҳаҷмаш калон - Xerox WorkCentre насб карда шудааст, ки ин ягона дастгоҳи калонтарин дар донишкада мебошад, ки дар рафти санҷишу имтиҳонҳо истифода бурда мешавад. Бо дастгирии лоиҳа китобхонаи электронӣ ба китобхонаи электронии онлайн (jstor.org) ва фонди китобхонаи Khigofund.ru барои як сол дастрасӣ пайдо намуд ва устодону донишҷӯён аз ин истифода менамоянд.
Бояд гуфт, ки муҳлати кафолати истифодабарӣ ва хизматрасонии таҷҳизоти насбгардида дар китобхонаи илмӣ то 26 октябри соли 2017 муайян шуда буд ва рӯзи 2 ноябри соли 2017 вохӯрии роҳбарияти донишкада бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва директори ширкати ҶДДМ-и “Дониш-ДК” доир гашт. Дар он санади супоридан ва қабули таҷҳизоти таъминкардаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ба ихтиёри Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз тарафи ректори донишкада Давлатзода Қ.Қ., намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - менеҷери барномаи лоиҳаи Идораи молияи давлатии Иттиҳоди Аврупо Даниела Кемпелова ва коршиноси хурди ин лоиҳа Эми Ҷоҳдет ва директори ширкати ҶДДМ “Дониш-ДК”-и шаҳри Душанбе Умар Қобилов ба имзо расонида шуд.
Насби таҷҳизоти ҳозиразамони китобхона имкониятҳои фарохро барои мутолиа ва истифодаи китоб фароҳам овардааст ва умед аст, ки устодону донишҷӯён аз ин шароитҳо ба хубӣ истифода мебаранд.
А.Юнусов, директори китобхонаи илмӣ