Хабарҳо

Баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ
3 ноябри соли ҷорӣ дар донишкада бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва нуқтаи тиббӣ вохӯрии кормандони соҳаи тибби Маркази саломатии шаҳрии № 1 бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар рафти мулоқот меҳмонон доир ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ маълумоти муфассал доданд. Зикр гардид, ки бемориҳои сил, ВНМО ва ғайра аз зумраи бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб рафта, барои пешгирии он ҳатман аз қайди духтур ва таҳлилҳои лабораторӣ бояд гузашт.
Чорабиниро Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишкада ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории вохӯрии мазкур барои баланд бардоштани маърифати тиббии донишҷӯён ва донистани роҳу усулҳои пешгирии касалиҳо роҳандозӣ шудааст. Сипас, ҳамшираҳои шафқати донишкада Меҳрона Ҳакимова ва Хайринисо Тешаева, духтури минтақавии хобгоҳи № 2. Ҳ. Шукуров, мудири бахши машварати ҷавонон дар соҳаи тиб Нигина Камолова, мутасаддии барномаи ВНМО Робия Раҳмонова ва духтури равоншинос Вилоят Рӯзиева баромад намуда, дар бораи бемориҳои гуногуни сироятӣ ва роҳҳои пешгирии он маълумоти муфассал доданд. Сипас донишҷӯён ба саволҳои дилхоҳи хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Духтури равоншинос В. Рӯзиева дар баромади худ зикр сохт, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ҳатман ба равоншинос муроҷиат намоянд. Ҳар ҳафта вохӯрии равоншинос дар рӯзҳои душанбе дар хобгоҳ ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки пешгирии касалӣ аз табобат осонтар аст, бинобар ин маълумотнокии донишҷӯён дар бораи ин ё он касалиҳо барои худи онҳо зарур аст.
Насрулло Тӯйчизода