Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
4 ноябри соли равон дар донишкада бахшида ба 23-юмин соргарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ барпо гардид.
Дар он Бахтовар Сафарзода, д.и.ҳ., профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Далер Сафаралиев, мушовир-ҳуқуқшиноси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Ҷамъомадро ректори донишкада профессор Қудрат Давлатзода бо сухани табрикотӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат барои давлату миллати мо аҳамияти муҳимми таърихӣ дошта, дар эъмори давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, таҷлил аз солгарди рӯзи Конститутсия нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба яке аз муқаддасоти миллию давлатии мо мебошад. Дар марҳилаи нахустини эъмори давлати навини тоҷикон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои мардуми кишвар ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия ва қабул гардид, ки василаи муҳимми муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон, инчунин наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо буд.
- Имрӯз мо бояд ба дарки амиқи қарзи муқаддаси фарзандии худ дар назди халқу давлати Тоҷикистон ба аҳамият ва муҳиммияти таърихии бахтномаи миллат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ намуда, таҳти сарварии Пешвои миллати хеш талош кунем, ки меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тӯли садсолаҳо ҳамчун манбаи нодири ҳуқуқӣ таҳкимбахши пояҳои сиёсии давлатамон ва роҳнамои халқи тамаддунсози тоҷик боқӣ монад. Зеро Конститутсия ҳамчун кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ ва ягонагии кишвари маҳбуби мо пойдевори рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, чун рамзи баробарҳуқуқӣ ва адолат умеди моро ба ояндаи дурахшон боз ҳам беҳтар менамояд, гуфт дар ҷамъбаст Давлатзода Қ.Қ.
Сипас профессор Сафарзода Б.А. дар бораи мавқеи Конститутсия дар давлатдории миллӣ, қонунгузорӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ истода гузашта, таъкид сохт, ки конститутсияро дар илми ҳуқуқшиносӣ барнома ва ҳуҷҷати дурнамои давлатсозӣ эътироф мекунанд. Конститусияи ҶТ вобаста ба пешравӣ ва рушди минбаъда, вобаста ба давраҳои муайяни таърихии давлатсозиамон ба чанд ислоҳоти конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ҳар яки онро ҷавоб ба даъватҳои ҷаҳонӣ, мувофиқкунии фазои ҳуқуқии кишвар ба воқеияти таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар фаҳмидн мумкин аст.
Проблемаи дигар ин ба даъватҳои ҷаҳонӣ ҷавоби ҳуқуқӣ ва сиёсӣ додан аст. Вобаста ба ин меъёрҳои конститутсионии мамлакат барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиби ҷамъиятӣ, ҳимояи мамлакат, амнияти давлат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ дониста мешавад, гуфт профессор Сафарзода Б.
Ӯ дар охир аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз сиёсати ҷавонсолории Пешвои миллат истифода бурда, фаъол, ташаббускор, забондон ва донишманд бошанд.
Сипас маърузаи Фотеҳ Расулов, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии донишкада дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии кишвар» шунида шуд. Дар маъруза зикр гардид, ки мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст. Аз ин рӯ, Конститутсия ва ҳолату меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пайдо гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар кишвар аҳамияти муайянкунанда дорад.
Дарвоқеъ, аз ин чорабинӣ ва баромадҳо аҳли нишаст баҳраманд гардида, маърифати ҳуқуқиашон васеъ ва моҳияти ин санади муҳимро боз ҳам амиқтар дарк карданд.
Машҳура Абдуллоева