Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Контитутсия санади олии ҳуқуқист

Контитутсия санади олии ҳуқуқист

Факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт санаи 3 ноябри соли равон ба муносибати 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсиро таҳти унвони «Конститутсия-санади олии ҳуқуқӣ» доир намуд, ки дар кори он роҳбари ТҶҶ Созандагони Ватан дар Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Шамсов С., корманди китобхонаи ноҳияи Балҷувон Раҳимова С., корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаниев Ҳ., намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷкистон Раҳмонов Б. ва намояндаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Ғаниев Б. ширкат варзиданд. 
Дар оғози чорабинӣ декани факултет Амрулло Нурализода иброз дошт, ки заминаи асосии қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолият ва соҳибихтиёрии кишварамон маҳсуб меёбад. 
Дар ҳамбастагӣ ба ин, мудири бахши ҳуқуқии донишкада Фаридун Мирсаидов дар мавзӯи «Конститутсия-санади тақдирсоз» баромад кард. Номбурда афзуд, ки ҷомеаи мо мунтазам тағйир меёбад ва муносибатҳои нав ба вуҷуд меоянд. Бинобар ин бо мақсади комилан ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ дар баъзе қисматҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо пеш меоянд. Аз ин рӯ, се маротиба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. 
Дар фарҷом қайд гардид, ки Конститутсияи амалкунанда асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро комилан дар шакли нав муқаррар ва роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард. 


Мубораки Назирмад,
эдвайзер оид ба тарбияи факултет