Хабарҳо

Конститутсия - муқаддасоти миллат
3 ноябри соли ҷорӣ факултети молия ва қарз бахшида ба ҷашни 23-юмин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия- муқаддасоти миллат» мизи мудаввар баргузор намуд.
Чорабиниро декани факултет Эмомалӣ Шералиев ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо ин ҷашни муҳим табрик гуфт. Номбурда қайд кард, ки воқеан бо қабули ин хуҷҷати муҳим ва сарнавишсози миллат дар ҳаёти мардуми тоҷик саҳифаи нав боз гардид ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллии кишвар рушд кард.
Сипас мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Ҷамрод Бобоев роҷеъ ба таърих ва заминаҳои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаҳои рушди қонунгузории мамлакат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон фикру ақидаҳои хешро иброз дошт.
Донишҷӯёни факултет Амонова Дилнора дар мавзӯи «Конститутсия-бахтномаи миллат», Сангинов Алимурод дар мавзӯи «Конститутсия санади муқаддасу тақдирсози миллат», Бобоева Чаманоро дар мавзӯи «История Конституции Республики Таджикистан» ва Турсунова Меҳрангез дар мавзӯи «The history of our Constitution» вобаста ба зарурати қабули Конститутсияи кишвар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар интиҳо гуфта шуд, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ тавонист кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ созад.
Зарнигор Ҳимматова,
эдвайзер оид ба тарбияи факултет