Хабарҳо

Нодир ғолиби мусобиқаи «Каратэ-до WKF»
Боиси хушнудист, ки Нодир Ҷӯраев, донишҷӯи курси 1, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ, ихтисоси идораи давлатӣ ва маҳаллӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Каратэ-до WKF» байни ҷавонон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни - 61 кг, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд, иштирок карда, сазовори ҷойи якум гардид. Ҳамчунин дар намуди Катаи инфиродӣ ва Катаи даставӣ ҷойи дувумро гирифт.
Ӯ бо медал ва Дипломҳои дараҷаҳои 1 ва 2 сазовор гардонида шуд.
Ин дастоварди аввалини Нодир нест. Варзишгари ҷавон ҷоизадори чандинкаратаи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба «Каратэ-до WKF» мебошад. Ӯ муваффақиятҳои худро натиҷаи тамринҳои зиёд зери роҳбарии мураббиҳояш Шарипов Диловар ва Азизқулов Б. медонад.
Мо ба Нодир дар фатҳи қуллаҳои нави варзишӣ комёбиҳои аз ин ҳам баландтарро орзумандем.
М.Абдуллоева