Хабарҳо

Нақши Конститутсия дар таҳкими қонунгузории миллӣ
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ шуъбаи кор бо ҷавонон дар якҷоягӣ бо садорати факултети муносибатҳои иқтисоди байнадмилалии донишкада мизи мудаввар дар мавзӯи «Конститутсия ҳимоятгари манфиатҳои иҷтимоии миллат» баргузор кард.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ гиромӣ доштани арзишҳои қонунгузории кишвар, баланд бурдани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, фароҳам овардани шароити мусоиди ташаккули илмии ҷавонон ва фаъолсозии онҳо дар раванди давлатдории миллӣ мебошад.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳое, ба монанди «Нақши Конститутсия дар таҳкими якпорчагии Тоҷикистон», «Конститутсия ҳимоятгари манфиатҳои иҷтимоии миллат», «Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими қонунгузории миллӣ», «Конститутсия ва давлатдории миллӣ», «Ҷомеаи муосир: Ахлоқи ҳамидаи ҷавонон ва Конститутсия» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Чорабиниро Ҷовидон Боймуродзода - мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба хобгоҳҳои донишкада ифтитоҳ намуда, перомуни зарурати қабули Конститутсия изҳори андеша кард. Мавсуф зикр намуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебоист механизми қонунгузории миллии хешро бунёд созад ва барои расидан ба ин ҳадаф зарурати қабули Конститутсия ба миён омад. Ниҳоятан 6 ноябри соли 1994 ин санади олии ҳуқуқӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, бунёди сохтори демократиро дар кишвари мо расмӣ гардонид.
Ҳамчунин Давлатзода Абдулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада дар мавзӯи «Конститутсия ҳимоятгари манфиатҳои иҷтимоии миллат» баромад намуда, иброз дошт, ки сохтори иҷтимоии ҷомеаи мо, ки таъмини зиндагонии шоистаи мардумро кафолат медиҳад, аз Конститутсия маншаъ мегирад. Зеро дар ин санади олии ҳуқуқӣ манфиатҳои иҷтимоии ҷомеа мушаххасан нишон дода шуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри амалинамоии онҳо давлат вазифадор гардидааст.
Мизи мудаввар бо музокираву баёни андешаи иштирокдорон интиҳо ёфт.
Саидов Фаридун,
мутахассиси шуъбаи тарбия