Хабарҳо

Дар ДМИТ маркази забономўзии Конфутсий кушода мешавад
3 ноябри соли равон намояндагони Институти Конфутсий – директори Институти Конфутсийи назди ДМТ аз тарафи Хитой хонум Дзия Дзен Фан ва директори институти мазкур аз тарафи Тоҷикистон Маҳмадиев Нозим ба ДМИТ ташриф оварданд.
Ректори донишкада Давлатзода Қудрат Қамбар ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд намуд, ки муносибатҳои донишкада ва Институти Конфутсий бо ин роҳ боз ҳам қавитар мегарданд. Инчунин ў ба раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд арзи сипос баён намуд.
Дар навбати худ директорони Институти Конфутсий оид ба ҳамкориҳои оянда сухан кард. Қайд гардид, ки аз тарафи институти мазкур барои донишкада якчанд муаллими забони хитоӣ фиристода мешаванд ва онҳо дар донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати забони хитоиро роҳандозӣ мекунанд.
Дар вохӯрӣ миёни ДМИТ ва Институти Конфутсийи назди ДМТ шартнома ба имзо расид, ки мувофиқи он дар донишкада курсҳои забони хитоӣ аз тарафи институти мазкур ташкил карда мешаванд. Инчунин дар доираи шартномаи басташуда курсҳои махсус барои ихтисосҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ ташкил карда мешаванд, ки он барои дар оянда дар зинаи магистратура таҳсил кардани донишҷўён хеле муфид аст.
Дар охир, меҳмонон аз шарту шароити синфхонаҳо, толорҳо ва утоқҳои хобгоҳи донишкада, ки барои ташкили курсҳои мазкур омода шудаанд, дидан карданд. Мувофиқа гардид, ки рўзҳои наздик машғулиятҳо оғоз мегарданд.
Манучеҳр Диловаров,
сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ