Хабарҳо

Натиҷаи кори комиссия оид ба интиқолу барқарор
Мувофиқи фармоиши ректори донишкада аз 29 августи соли ҷорӣ таҳти № 803/д-и дар бораи таъсиси комиссияи донишкадавӣ оид ба гузаронидан ва барқароркунии донишҷӯён ба имзо расида буд.
Мутобиқи банди 4.13-и «Оинномаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои талаботи «Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аъзоёни комиссияи донишкадавӣ оид ба гузаронидан ва барқароркунии барои нимсолаи тирамоҳии соли таҳсили 2017-2018 таъсис дода шуд.
Ба комиссияи донишкадавӣ оид ба гузаронидан ва барқароркунии донишкада ҳамагӣ 418 ариза ворид шуд, ки аз ин миқдор 388 нафари он аз комиссияи донишкадавӣ гузаронида шуданд, 8 нафарашонро комиссия рад кард ва 22 нафар дар комиссия иштирок накарданд.
Натиҷаи кори комиссияи донишкадавӣ оид ба интиқолу барқароркунӣ ва гузаронидан дар ҷадвали зерин оварда шудааст:
№ |
Тибқи суратҷаласаи комиссия |
Миқдори аризаҳо |
Аз комиссия гузашт |
Аз комис. нагузашт |
Иштирок накард
|
1 |
Аз як ихтисос ба ихтисоси дигар |
63 |
57 |
6 |
|
2 |
Аз шуъбаи ғоибона ба шуъбаи рӯзона |
30 |
30 |
|
|
3 |
Аз шуъбаи рӯзона ба шуъбаи ғоибона |
116 |
103 |
2 |
11 |
4 |
Барқарор |
143 |
133 |
|
10 |
5 |
Аз як муассиса ба муассисаи дигар |
66 |
65 |
|
1 |
|
Ҳамагӣ дар донишкада |
418 |
388 |
8 |
22 |
42 нафар донишҷӯ бинобар сабаби муҳлати хориҷашон аз 5 сол гузаштан ё аз дигар муассисаи таълимӣ интиқол ёфтан аз Вазорати маориф ва илми ҶТ мактуб пешниҳод намуданд.
Ҳамин тариқ, кори комиссияи донишкадавӣ оид ба гузаронидан ва барқароркунӣ дар соли таҳсили 2017-2018 қаноатбахш анҷом ёфт.
Иноятов Фаррух,
муовини сардори раёсати таълим