Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муаррифии донишгоҳҳои хориҷӣ аз тарафи иштироккунандагони барномаи мубодила

Муаррифии донишгоҳҳои хориҷӣ аз тарафи иштироккунандагони барномаи мубодила

Тибқи бандҳои нақша-чорабинии шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада санаи 1-уми ноябр дар толори лексионии бинои 2-юми донишкада дар бораи донишгоҳҳои хориҷи кишвар презентатсия аз тарафи иштироккунандагони барномаи мубодила гузаронида шуд. 
Сараввал мудири шуъба Диловаров М., дар бораи Барномаи мубодилаи донишҷӯён ба ҳозирин маълумот дод. Баъдан иштирокчиёни барнома дар бораи Донишгоҳи давлатии Псков ва Донишгоҳи Нархоз, шакли таҳсил ва шароити зист дар донишгоҳҳои мазкур иттилоъ доданд. 
Таҳсилкардагони Донишгоҳи давлатии Псков қайд намуданд, ки дар вақти таҳсил дар донишгоҳ ҳафтаи байналмилалӣ баргузор гардид ва донишҷӯёни мо дар ин чорабинӣ дар бораи Ватани азизамон Тоҷикистон, манзараҳои зебои кишвар маълумот доданд ва ба ҳозирин рақси тоҷикиро пешкаш намуданд. Инчунин донишҷӯёни ДМИТ дар Донишгоҳи Нархоз низ дар як қатор конфронсҳо иштирок ва маъруза карда, соҳиби сертификат гардиданд. 
Дар охир, аз ҷониби донишҷӯён ба баромадкунандагон ва кормандони шуъба саволҳо дода шуданд ва дар ҷавоб посухҳои қонеъкунанда гирифта шуд.
Мақсад аз ташкил намудани презентатсия ҳавасманд гардонидани донишҷӯён барои иштирок дар Барномаи мубодила ва таҳсили онҳо дар хориҷа, васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён ва мукаммал гардонидани савияи дониши онҳо мебошад. Боварӣ дорем, ки баъди ин гуна презентатсияҳо шумораи хоҳишмандон барои иштирок дар Барномаи мубодила ва таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷ бештар мегардад.


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ