Хабарҳо

Омӯзиши таҳияи лоиҳаи грантӣ
Рӯзи 10 ноябри соли ҷорӣ шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо кафедраи назарияи иқтисодӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Таҳияи лоиҳаи грантӣ» баргузор намуд.
Дар семинар Аҳрорҷон Таваров, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ тарзи дуруст таҳия кардани лоиҳаи грантӣ ва моҳияти онро ба устодону донишҷӯён фаҳмонид.
Номбурда, аз ҷумла афзуд, ки лоиҳа аз се қисм - муқаддима, нақшакашӣ ва хотима иборат аст.
Вобаста ба масъалаи мазкур сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Манучеҳр Диловаров андешаронӣ намуда, гуфт, ки лоиҳаи грантӣ метавонад дар самтҳое таҳия шавад, ки донор бештар ба он таваҷҷуҳи худро зоҳир менамояд.
Дар охир, донишҷӯён доир ба баъзе тарафҳои масъалаи баррасишаванда саволҳо доданд.
Шаҳроми Саломиён,
мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ