Хабарҳо

Баррасии мушкилоти сиёсати воридотивазкунанда
Кафедраи назарияи иқтисодии донишкада 14 ноябри соли ҷорӣ семинари илмӣ-назариявиро дар мавзӯи «Мушкилоти сиёсати воридотивазкунанда дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд.
Зимни оғози семинар муовини ректор оид ба илми донишкада Фирӯз Қодиров мавзӯи баррасишавандаро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ кард.
Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар бори аввал оид ба таҳияи Барномаи давлатии воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод карда буданд ва ин нукта дар «Стротегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба таври мушаххас баён шудааст, гуфт номбурда.
Сипас маърӯзачии чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Баҳром Сафаров дар мавзӯи мавриди назар баромад намуд.
Мавзӯи баррасишаванда барои рушди иқтисодиёти кишварамон зарурӣ маҳсуб меёбад. Баррасии масъалаи воридотивазкунӣ аз рӯи назарияҳои рушди иқтисод ин ҳамчун яке аз сиёсате мебошад, ки қисми таркибии сиёсати рушди иқтисодиро дар бар мегирад, афзуд мавсуф.
Номбурда зикр кард, ки дар кишвар аз рӯи «Стротегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар марҳилаи якум аз рӯи 20 номгӯи маҳсулот сиёсати воридотивазкунанда татбиқ мегардад. Ин имконият медиҳад, ки марҳила ба марҳила то давраи соли 2030 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи гурӯҳи баъзе молу маҳсулот ба воридотивазкунии пурра ноил гардад.
Баҳром Сафаров барои амалисозии сиёсати воридотивазкунӣ пешниҳодҳои зеринро ироа намуд, аз ҷумла сиёсати истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда дар оянда бояд ба содирот нигаронидашуда бошад, истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда бояд ҳатман дар асоси принсипи бартарияти нисбӣ ба роҳ монда шавад, механизмҳои дастгирии давлатӣ, ислоҳоти институтсионалӣ (ташаккули низоми бонкӣ, инфрасохтори бозорӣ, таъсиси бозорҳои фондӣ ва қоғазҳои қимматнок) бояд бештар ба кор барад, сиёсати воридотивазкунанда бояд давра ба давра сурат гирифта, аз истеҳсоли молҳои аввалиндараҷа (хӯрока ва пӯшока) ба воситаи ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба истеҳсоли молҳои саноатӣ гузарад, илм бо амалия пайваст гардида, молҳои инноватсионии нав ба ивази молҳои воридотӣ истеҳсол карда шавад, сиёсати воридотивазкунанда дар ҳама соҳаҳо баробар татбиқ шавад. Дар ин сурат Тоҷикистон ба кишвари содиркунанда табдил ёфта, иқтисодиёташ хуб ривоҷ меёбад, гуфт дар охир баромадкунанда.
Дар интиҳо мубоҳиса сурат гирифт ва иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Хисрав Муҳиддинов