Хабарҳо

Либос ҷузъи асосии фарҳанги миллист
Дар тамоми давраҳои таърихи миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши ӯ дар инкишофи тамаддуну фарҳанги миллӣ басо назаррас аст, чунин гуфт Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ зимни ифтитоҳи мизи мудавваре, ки бо ибтикори шуъбаи тарбия рӯзи 13 ноябри соли равон бахшида ба ҳифзу нигаҳдошти фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ ва либоси миллӣ дар байни бонувону донишҷӯдухтарони донишкада доир гашт.
Ҳадафи баргузории чорабинии мазкурро Мавҷуда Давлатова, сармутахассиси шуъбаи тарбия дар тарғиби либоси миллӣ ва арзишҳои миллӣ байни занону духтарони донишкада маънидод кард. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки дар бораи либоси миллӣ чун арзиши муҳим, ки таъриху фарҳанги ҳар қавму миллатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд, истода гузашт. Мавсуф либоси миллии атласу адрас ва чаканро зебандаи бонуи тоҷик номида, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар тарғиби он саҳмгузор бошанд.
Сипас Зайнура Ваҳҳобова, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Сино баромад карда, дар мавриди дар байни духтарону занони тоҷик ворид гардидани фарҳанги либоспӯшии бегона, ки чандест ба назар мерасад, изҳори нигаронӣ карда, қайд намуд, ки либоси миллӣ рукни муҳимми ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият буда, ҳувияти онҳоро дар замони ҷаҳонишавӣ таъмин менамояд. Ҳар як нафаре, ки ба дараҷаи худшиносии миллии худ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам ифтихор. Ӯ дар охир гуфт, ки либоси миллиро чун ҷузъи фарҳанги миллист ва моро ҳамчун тоҷик муаррифӣ менамояд, бояд аз омезишҳо ва тақлиди кӯркӯрона эмин нигоҳ дорем.
Баъдан Мубораки Назирмад, эдвайзери тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар бораи матои атлас ва адрас дар маърӯзааш бо номи «Мақоми матои атлас дар гузашта ва замони ҳозира» маълумот дода, онро беҳтарин ва зебандатарин матои табиӣ барои зани тоҷик маънидод кард.
Донишҷӯи курси 3, факултети ҳисобдорӣ ва омор Зебунисо Нуралиева бо қироати шеър дар бораи модар ба ҳамоиш фазои пурғановати маънавӣ зам намуд.
Дар музокира бонувони фаъол баромад карда, барои пешгирии воридшавии фарҳанги либоспӯшии ғайр ба фарҳанги миллии хеш боло бурдани эҳсоси ифтихори миллиро бағоят муҳим дониста, зарурати дар ҷомеа ҳарчи бештар либоси миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро тарғиб намуданро пешниҳод карданд.
Дар охир ба якчанд нафар бонувони фаъоли донишкада, ба монанди Қосимова С., Абдуллоева М., Нурова Ҳ., Илчибекова М., Абдураҳмонова М., Юсупова Ҳ., Зоҳирова Б., Наврӯзова Г., Ҳакимова М., Алиева З., Раҳимова М., Равшанова Ш., Рӯзибоева Г. барои фаъолияти пурсамар ва хизмати арзанда дар омода намудани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод Ифтихорнома супорида шуд.
Ҳамин тавр, ташкил ва баргузории ин қабил ҳамоишҳо вазифаву рисолати ҳар як бонуи тоҷикро дар мавриди худшиносии миллӣ ва тарғиби либоси миллӣ бештар намуда, ҳамчун фарди миллатдӯсту ватанпарвар ба ин масъала ҷиддӣ муносибат доштани эшонро тақозо мекунад.
Маҳбуба Ғаффорова