Хабарҳо

Нахустин ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДМИТ
14 ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва садорати факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон нахустин маротиба ҳамоиши ҷавонону гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Пешвои миллат ва давлатдории миллӣ: Ҷавонон дар меҳвари ташаббусҳои созанда» дар донишкада баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Амирҷон Иброҳимов- намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарида Алимардонова-намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва ҷавонону гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти касбиву олии кишвар таҳсил менамоянд, ширкат намуданд.
Ҳамоиш бо шиносоӣ аз шароитҳои муҳайёсохтаи донишкада ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯён оғоз гардид.
Инчунин дар ҳамоиш нишасти илмӣ низ сурат гирифт. Нишасти илмиро Ҷовид Боймуродзода-мутахассиси шуъбаи тарбияи донишкада ифтитоҳ намуда, мақсаду мароми онро шарҳу тавзеҳ дод. Номбурда афзуд, ки дар шароити имрӯзаи кишвар зарурате пайдо шудааст, ки баҳамоии ҷавонон дар доираҳои гуногун ба роҳ монда шавад. Зеро бо ин васила фосилаи байни ҷавонони минтақаҳои кишварро аз байн бурда, мафкураи маҳаллии онҳоро ба мафкураи миллӣ мубаддал созем.
Сипас Амирҷон Иброҳимов - намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули шахсияти ҷавонон» сухан намуд. Мавсуф баён дошт, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои нахусти ба сари ҳокимият омаданашон такя ба ҷавононон намуда, ояндаи давлату ҳукуматро аз насли ҷавон вобаста мешумориданд. Ҳамин таваҷҷуҳи Пешвои миллат буд, ки имрӯз сиёсати ҷавонсолорӣ дар кишвар роҳандозӣ мегардад ва барои ташаккули шахсияти ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Инчунин Амирҷон Иброҳимов афзуд, ки авлавиятҳои асри навин ва раванди давлатдории миллии мо тақозои онро дорад, ки насли ҷавони кишварро дар рӯхияи худшиносию худогоҳӣ тарбият намуда, механизми самаранокии фаъолияти онҳоро дар кишвар роҳандозӣ намоем.
Давлатзода Абдулло-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада дар мавзӯи «Саҳифаҳои таърихии давлатдории миллии тоҷикон» сухан намуда, зикр кард, ки дар моварои таърих тоҷикон борҳо барои эъмори давлатдории миллии хеш соҳиби имкониятҳои мусоид гардидаанд. Аз ҷумла дар замони давлатдории Ҳахоманишиҳо, Сосониён, Сомониён, Тоҳириён, аммо дар чунин давраҳои таърихӣ гузаштагони мо ҳамеша аз дасти ба ном «ватанпарастони» зархарид ва аҷнабиён ба шикастҳои нангин рӯ ба рӯ шуда, устувории давлати хешро аз даст доданд. Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта таърих бори дигар накҳати ояндасозиро насиби ин миллат намуд ва бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари мо истиқлолият ба даст оварда, роҳи давлатдории навини худро пеш гирифт. Аммо боз мушти нангини таҳмилишуда аз ҷониби нотавонбинони хориҷӣ ба воситаи зархаридони дохилӣ сари ин миллат кӯфт ва ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар роҳандозӣ гардид. Дар натиҷаи ин ҷанги таҳмилишуда бештар аз 100 000 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расида, зиёда аз 100 000 нафар беному нишон гардиданд. Теъдори фирориён аз 1 000 000 бештар гардида, зиёда аз 25 000 зан бешавҳар, бештар аз 60 000 кӯдак ятим монда, хисороти молиявии кишвар аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёд гардид. Ин нангинтарин ҳодисаи таърихи давлатдории миллати тоҷик ба шумор меравад. Дар чунин шароити мушкили таърихӣ ҷавонтарин, вале боирадотмандтарину дурандештарин сиёсатмадор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни мардум ба майдони сиёсат омада, инони давлатдориро ба даст гирифт ва кишварро аз вартаи нобудӣ, миллатро аз нестӣ раҳо сохта, давлати воҳиду мутамарказ бунёд намуд. Имрӯз бошад, миллати тоҷик роҳи эъмори давлатдории миллиро пеш гирифта, кишвари хешро зери роҳбарии Пешвои худ ба сӯи қудрат мебарад.
Инчунин дар ҳамоиш гирандагони стипендияи президентӣ - Дилшод Давлатов-донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи муосир», Суҳайло Асрорзода-донишҷӯи Донишкадаи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳнамои насли ояндасоз»; Судоба Шарифзода - донишҷӯи Донишкадаи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон-наҷотбахши миллат»; Шаҳбоз Саидов- намоянда аз Клуби стипендиантҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Корнамоиҳои Пешвои миллат»; Моҳираи Дилшод- намояндаи Клуби стипендиантҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, дар мавзӯъҳои номбурда бо далелҳои мушаххаси илмӣ андешаронӣ намуданд.
Дар интиҳои нишасти илмӣ мубодилаи андеша ва музокираҳои озод сурат гирифт.
Ҳамоиш бо расмияти аксбардорӣ зери унвони «Дӯстӣ бидуни маҳдудият» анҷом ёфт.
Фаридун Саидов, мутахассиси шуъбаи тарбия