Хабарҳо

ДМИТ мизбони маҳфили сиёсӣ-адабии «Се насл»
Бахшида ба Рӯзи Президент ва 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 ноябри соли равон дар донишкада ҳамоиши сиёсӣ-адабӣ таҳти унвони «Се насл» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, муовини Раиси ҲХДТ, Руқия Қурбонова, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Зарина Файзуллозода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Меҳринисо Бобобекова, шоираи халқии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Чорабиниро Зарина Файзуллозода ифтитоҳ намуда, мақсаду мароми ҳамоишро шарҳ дод. Сипас Руқия Қурбонова доир ба ҷойгоҳи Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ сухан намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар вартаи нестӣ қарор дошт. Аммо дар чунин шароити мушкили таърихӣ кишварро танҳо иродаи ҷавонмардонаи Пешвои миллат ва гомҳои устувори ӯ дар роҳи расидан ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ эҳё намуда, аз парокандагӣ нигоҳ дошт.
Сипас Сайфулло Сафаров доир ба саҳифаҳои таърихии давлатдории миллии тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ баромад намуда, баён дошт, ки асосгузори давлати миллии мо дар замони истиқлолият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, Меҳринисо Бобобекова ва намояндагони ду насли баъдӣ, яъне насли миёнсол ва насли ҷавон дар мавзӯъҳои гуногуни давлатдории миллӣ баромад намуда, дурнамои сиёсати имрӯзи кишварро муфиду самарабахш арзёбӣ намуданд.
Ҳамоиш бо баргузории маҳфили фарҳангӣ ба интиҳо расид. Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш ҳунармандони ҳалқии Тоҷикистон Ҷамшед Саидов ва Афзалшо Шодиев бо суруду таронаҳои худ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд.
Фаридун Саидов,
мутахассиси шуъбаи тарбия