Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ рӯйдоди тақдирсози миллат

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ рӯйдоди тақдирсози миллат

Ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДМИТ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он Сайфулло Сафаров, номзади илмҳои фалсафа, муовини аввали директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал Шукрулло Хайров, муовини ректор оид ба таълим ҳозиринро ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи раёсати донишкада муборакбод намуд.
Маҳз 25 сол муқаддам вакилони Парлумони Тоҷикистон бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҷамъ омада, дар ҷараёни ин Иҷлосия, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри таърихии Арбоб доир гардид, қарорҳои муҳимеро, ки сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон ба он вобастагии амиқ дошт, қабул намуданд, гуфт номбурда. 
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихии беназир дорад,- гуфт Шукрулло Хайров. Зеро ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ тавонист дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат оварад, ки бо дилу нияти пок аз рӯзҳои аввалини роҳбарӣ тамоми кӯшишу заҳматҳои худро барои хомӯш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот, якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон равона намуда, халқи тоҷикро муттаҳид сохтанд. Шукр, ки бо шарофати хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу салоҳ барқарор гардид ва имрӯз мо дар ватани биҳиштосо зиндагӣ дорем. 
Сипас Сайфулло Сафаров баромад намуда, зикр сохт, ки ин Иҷлосия барои он муҳим аст, ки ба фаъолияти қонунгузории давраи навини  Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Маҳз бо шарофати ин Иҷлосия шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлаташонро дарк намуданд. Баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми халқу миллатҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави кишварро 6 ноябри соли 1994 қабул намуданд. Қабули Конститутсия, интихоби Сарвари давлат, вакилони халқ ва Маҷлиси олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ, тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ моро ба сӯи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ дар мамлакат ҳидоят намуд. 
Иҷлосияи XVI заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёдро гузошт ва он оғози ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб рафта, анҷоми беҳокимиятӣ, хатари нестшавии халқи тоҷик, якпорчагии марзу буми миллат арзёбӣ мегардад, гуфт С. Сафаров.
Дар интиҳои чорабинӣ Хайров Ш. қайд намуд, ки ҳар як шаҳрванди кишварамон бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки Тоҷикистон чунин Роҳбари тавоно дорад ва ӯ тавонистааст кишварро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, ба як давлати пешрафта ва дар ҳоли рушд табдил диҳад.


Хисрав Муҳиддинов