Хабарҳо

Кураторон муваззаф гардиданд
Факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ санаи 14 ноябри соли равон ҷаласаи васеи Шӯрои кураторонро баргузор намуд.
Дар ҷаласа декани факултет, мудирони кафедраҳои менеҷменти молиявӣ, суғурта, андоз ва андозбандӣ, кураторони гурӯҳҳои академӣ, сармутахассиси шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова ва мудири бахши хобгоҳҳои донишкада Ҷовид Боймуродов иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо дар самти тарбия, инчунин робитаҳои кураторони гурӯҳҳои академӣ бо волидайни донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сармутахассиси шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова зимни баромадаш иброз дошт, ки кураторон бояд масъулияти баландро ҳис намуда, дарсҳои тарбиявиро бо истифодаи усулҳои тарбиявию таълимӣ гузаронанд ва аз вазъи гурӯҳ пурра хабардор бошанд.
Дар интиҳо, мудири кафедраи суғурта Саъдихоҷа Маъдиев баромад намуда, зикр кард, ки кори тарбия саҳл нест, бинобар ин сарпарасти гурӯҳ пайваста бо донишҷӯ ва оилаи ӯ дар робита буда, аз мушкилоти ӯ хабардор бошад, барои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии толибилмон ҳисса гузорад.
Ҳамин тавр, кураторон муваззаф гардиданд, ки дар гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ва кор бо гурӯҳҳои академӣ масъулияти бештар ҳис намоянд.
Заррагул Алиева,
эдвайзер оид ба тарбияи факултет