Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯён аз зуҳуроти номатлуб ҳифз мегарданд

Донишҷӯён аз зуҳуроти номатлуб ҳифз мегарданд

Санаи 13 ноябри соли равон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва тарбияи донишкада вохӯрии намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии мубориза бар зидди маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён вобаста ба муаммову мушкилоти ҳаёти ҷавонон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Маҳина Шарипова - намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Озода - намояндаи Агентии мубориза бар зидди маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парвиз Абдуназаров – намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯриро Давлатзода Абдулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки айни ҳол дар замони болоравии суръати иттилоот ва вобастагии бевоситаи инсоният аз ин зуҳурот мушкилоти зиёдеро дар ҳаёти ҷавонони имрӯза мушоҳида намудан мумкин аст. Ҳолати бавуҷудомадаро пайгирӣ карда, моро зарур аст, ки бобати ҳалли ҳодисаҳои ногувори ҳаёти ҷавонон чораандешӣ намоем. 
Сипас Маҳина Шарипова доир ба дастгирии ҷавонон аз ҷониби давлату ҳукумат сухан намуда, зикр кард, ки феълан ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат қарор доранд ва ин раванд дар ҳоли густариш қарор дорад.
Дар вохӯрӣ Абдуллозода Озода вобаста ба мушкилоти гирифторшавии ҷавонон ба нашъамандӣ сухан намуд. Номбурда иттилоъ дод ки, мутаассифона, бо вуҷуди оне ки миллати мо дорои дараҷаи баланди маърифати фарҳангист, аммо имрӯз эҳсос мешавад, ки қишре аз насли ҷавон даст ба корҳои номатлуб ва ғайриқонунӣ зада, ҳаёти худу наздиконашонро зери фишору хатарҳои нангин мегузоранд. Намунаи ин гуна мушкилот ин ба нашъамандӣ даст задани иддае аз ҷавонони имрӯза мебошад. 
Парвиз Абдуназаров вобаста ба масъалаи гирифторшавии ҷавонон ба касалиҳои сироятии ВИЧ/СПИД суҳбат намуд. Мавсуф сабабу омилҳои гирифторшавии ҷавононро ба бемориҳои сироятӣ шарҳу тавзеҳ дода, қайд кард, ки баробари афзоиши шумораи гирифторони бемориҳои сироятӣ, махсусан ВНМО, пояҳои устувори маърифати ахлоқии ҷомеа заиф мегардад.
Дар анҷоми вохӯрӣ гуфтугӯи озод ва мубодилаи афкор сурат гирифт.


Ҷовид Боймуродов