Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар ваҳдати миллӣ

Нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар ваҳдати миллӣ

Факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ санаи 16 ноябри соли равон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ чорабинӣ доир намуд. 
Онро декани факултет Давлатов Х.М. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард. Ӯ нақши Иҷлосияи тақдирсозро дар баҳамойии мардумӣ, созиши тарафҳои даргир, тақвияти Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ кард.
Сипас мудири кафедраи суѓурта Маъдиев С. баромад карда, гуфт, ки дастовардҳое, ки имрӯз ба сифати арзишҳои миллию давлатдорӣ эътироф шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозанд, дар заминаи татбиқи ғояҳои олии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба даст омадаанд.
- Ин озодию истиқлолият бароямон осон наомадааст, ин ҳама натиҷаи меҳнату заҳматҳои бепоёни  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз ҳамин кӯшишҳо буд, ки дар соҳаи иқтисод ва молия ба нишондодҳои дараҷаи баланди рушд ноил гардидаем, гуфт Маъдиев С.
Дар охир, донишҷӯёни фаъоли факултет Халифаев Ҷовидон, Бобозода Бузургмеҳр, Воҳидова Меҳрангез дар бораи мавзӯи баррасишаванда маърӯзаҳо карданд.


Алиева З.С., эдвайзер оид ба тарбия