Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омилҳои рушди аудити сармоягузорӣ

Омилҳои рушди аудити сармоягузорӣ

15 ноябри соли равон дар донишкада бо ташаббуси кафедраи аудит ва ревизия маҳфили илмии донишҷӯён бахшида ба соли ҷавонон зери унвони «Мақоми аудит дар низоми назорати молиявӣ» баргузор гардид. 
Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедра, дотсент Парвиз Орзуев ҳусни оғоз бахшид. Сипас роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Абубакр Раҳмонов дар мавзӯи «Нақши назорати молиявӣ дар самаранок истифодабарии воситаҳои буҷетӣ» маърӯза намуд. Номбурда аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2016 дар бораи буҷети давлатӣ дар соли 2017 иқтибос оварда, қайд намуд, ки барои таъмину самаранок истифодабарии воситаҳо ва маблағҳои буҷетӣ мақомоти ваколатдори давлатиро мебояд, ки назорати молиявиро дар самти дуруст истифодабарии воситаҳои буҷетӣ пурзӯр гардонанд. Инчунин баргузории маҳфилҳои илмиро барои сайқал додани дониши таълимгирандагон ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо муҳим шуморид. 
Инчунин Ҳайдаров Абдусамад, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 1-25011100 дар мавзӯи «Мақоми аудит дар низоми назорати молиявӣ» маърӯза намуда, нақши аудитро дар гузаронидани санҷишҳои молиявӣ ва ошкорсозии изофанависиҳо, исрофкориҳо ва ғайрисамаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти мамлакат муҳим шуморид. 
Ассистент Раҷабалӣ Саидов дар мавзӯи мавриди назар маърӯза намуда, оид ба натиҷаҳои санҷиши аудитории соли 2016 сухан ронд. Қайд карда шуд, ки дар баробари пурзӯр гардонидани назорати молиявӣ дар сатҳи давлатӣ қонунвайронкуниҳо оид ба изофанависӣ ва тасарруфи маблағҳои пулӣ боз ҳам зиёд гашта истодаанд. Аз ин лиҳоз, барои пешгирии амалҳои номатлуб дар шакли амалҳои коррупсионӣ чораҳои зарурӣ бояд саривақт андешида шавад. 


Насрулло Тӯйчизода