Хабарҳо

Абармарди дунёи сиёсат
Санаи 14 ноябри соли ҷорӣ факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Абармарди дунёи сиёсат» чорабинии сиёсӣ баргузор намуд, ки дар маросими баргузории он Турсунзода Раҷабалӣ, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ализода Шаҳзод, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ғаниев Ҳ., корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маҳмудова С., корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонов Б., корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ахмедова С., корманди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни оғози чорабинӣ декани факултет Амрулло Нурализода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент табрик намуда, иброз дошт, ки бо пешниҳоди мардуми шарифи Тоҷикистон, ба хотири заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сиёсати хирадмандонаву оқилонаи хеш давлату миллати тоҷикро аз вартаи парокандагиву нобудшавӣ раҳонид, 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Сипас Турсунзода Раҷабалӣ баромад намуда, қайд кард, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ҷавони кишвар рӯз то рӯз пешравиҳои назаррас мушоҳида мегардад, ки намунаи ин иқдомоти наҷиб рушду такомули соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор аст, ки дар мамлакат ҷавонони варзишгар аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш тамрин намуда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо гирифтани ҷойҳои намоён шаъну шараф ва байрақи Тоҷикистонро баланд бардошта истодаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Акмал Умаров, донишҷӯи курси 2, ки дар асоси мубодилаи донишҷӯён дар Донишгоҳи Нархози Қазоқистон таҳсил кардааст, барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои мухталифи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ифтихорномаи фиристодаи ҳамин донишгоҳ қадрдонӣ карда шуд.
Мубораки Назримад, эдвайзер оид ба тарбия