Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштироки устоди ДМИТ дар курси омӯзишӣ зери сарпарастии САҲА

Иштироки устоди ДМИТ дар курси омӯзишӣ зери сарпарастии САҲА

Аз 2-юм то 28-уми октябри соли 2017 дар ш. Душанбе зери сарпарастии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо курси омӯзишии навбатии 19-уми ҳайати роҳбарикунанда оид ба таъмини амнияти сарҳадот баргузор гардид. 
Дар ин курси омӯзишӣ роҳбарону кормандони хадамоти сарҳадию гумрукӣ аз Тоҷикистон, Афғонистон, Украина, Беларус, Гурҷистон, Австралия, Алҷазоир, Урдун, Булғористон, Македония ва Молдова иштирок доштанд. Дар баробари сохторҳои давлатӣ ҳамчунин муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳам ягона мактаби олиест, ки барои иштирок дар курси мазкур даъват карда шуд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки донишкада барои иштироки устодон ва донишҷӯён дар курсҳои гуногун бо коллеҷи сарҳадии САҲА ёддошти тафоҳум дорад. Аз ин лиҳоз, аз Донишкадаи молия ва иқтисод ҳам як нафар – устоди кафедраи фаъолияти гумрукӣ Фаридун Давлатов дар ин курси омӯзишӣ иштирок намуда, соҳиби сертификат шудааст. 
Дар давоми курс коршиносони варзида аз Венгрия, Беларус, Молдова, ИМА, Малайзия ва Словения бо ширкаткунандагон машғулиятҳо гузаронида, онҳоро бо усулу воситаҳои муосири таъмини амният дар сарҳадот ошно намуданд. Рӯзи 30 октябр маросими хотимаи курс ва ба ширкаткунандагон тақдим намудани сертификатҳо доир гашт. Дар ин маросим намояндагони баландпояи Раёсати неруҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сафоратхонаҳои Афғонистон, Беларус, Япония, Украина, ИМА, инчунин, мудири кафедраи фаъолияти гумрукии ДМИТ Қ. Мираков ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ М. Диловаров иштирок доштанд. 
Дар баромади хеш Қ. Мираков самаранокӣ ва судмандии чунин курсҳоро барои таҳкими амнияти сарҳадот ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон таъкид намуда, ба намояндагони САҲА ва коршиносони хориҷӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори сипос кард.