Хабарҳо

Тақвияти ҳамкориҳо бо волидон
Санаи 18 ноябр бо ташаббуси факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ҷаласаи васеи падару модарон доир гардид, ки дар он Б. Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия, М. Давлатова, раиси шӯрои кураторони донишкада, М. Ҳакимова, Х. Тешаева, ҳамшираҳои тиб, садорати факултет ва волидайни донишҷӯёни курсҳои аввал ширкат варзиданд.
Нахуст декани факултет Нурализода Амрулло баромад намуда, иброз дошт, ки ҷавонон ояндаи дурахшони давлату миллат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат ҳамаи имкониятҳоро барои донишазхудкунии онҳо фароҳам овардааст. Набояд фаромӯш сохт, ки аз таълиму тарбия дур мондани ҷавонон оқибатҳои ногуворро ба бор меорад. Аз ин рӯ, падару модарон бояд робитаро бо донишкада ва садорати факултетҳо тақвият бахшида, дар таълиму тарбия ва аз худ намудани донишҳои муосир бетарафиро ихтиёр накунанд.
Дар идома Б. Қодирова ва М. Давлатова оид ба риояи ҳатмии сару либоси тавсияшуда ва истифода аз имкониятҳое, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат барои насли ҷавон фароҳам сохтааст, суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар раванди ҷаласа аз ҳисоби падару модарон дар мувофиқа бо садорати факултет Муяссар Умарова, раис, Малоҳат Исматова ва Ҳабибулло Азизов, муовинони раиси шӯрои падару модарони факултет интихоб гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия ба волидайни донишҷӯи курси 1-ум Соҳиба Азизова барои ишғоли ҷойи якум дар озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои Пешвои миллат», Ҳабибулло Азизов барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбия фарзандаш Ифтихорномаи садорати факултет тақдим гардид.
Мубораки Назримад,
эдвайзер оид ба тарбияи факултети ТИИ