Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аз маҳфили «Иқтисодчиёни ҷавон»

Аз маҳфили «Иқтисодчиёни ҷавон»

Дар таърихи 17 ноябри соли ҷорӣ кафедраи назарияи иқтисодӣ маҳфили илмии донишҷӯёнро таҳти унвони «Иқтисодчиёни ҷавон» баргузор намуд, ки дар он сиёсати монитарии давлат (сиёсати пулию қарзӣ)  мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар оғози ин чорабинӣ Дилшод Давлатзода, донишҷӯи курси 1, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ оид ба сиёсати монетарӣ, идоракунии фаъолияти хоҷагидорӣ, мӯътадил гардонидани дараҷаи нарх, бозсозии таркиби иқтисодиёт, мустаҳкам намудани қурби пул, таъмини шуғли пурра ва таъмини рушди иқтисодӣ  маърӯза кард. 
Номбурда воситаҳои асосии сиёсати монитарӣ, яъне: амалиёт дар бозори кушод, тағйирот дар меъёри захираи ҳатмӣ ва тағйирот дар меъёри фоизи қарз ва ба воситаи ин фишангҳо идоракунии давлатро таҳлил намуд.
Ҳамчунин Гулов С., донишҷӯи курси 2, факултаи ҳисобдорӣ ва омор оид ба таърихи пайдоиши аввалин бонкҳо дар Тоҷикистон баромад намуда, фарқи сиёсати идоракунии бонкҳои имрӯзаро аз пешина бо далелҳои мушаххас таҳлил ва баррасӣ кард. 
Дар фарҷом, роҷеъ ба мавзӯъҳои матраҳгардида мубодилаи афкор сурат гирифт. 


С. Исмоилова, устоди кафедраи назарияи иқтисодӣ