Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷалби мутахассисон дар омодасозии кадрҳо

Ҷалби мутахассисон дар омодасозии кадрҳо

Тибқи шартномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2016 дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2016-2017 гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ба нақша гирифта шудааст. 
Аз ин рӯ, дар таърихи 18 ноябри соли равон машғулиятҳои амалии донишҷӯёни курси 4 – ихтисоси 1-96010102-таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук гузаронида шуд. Донишкадаи мазкур бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир ҷиҳозонида шудааст. Донишҷӯён дар он бо тартиб ва қоидаҳои барасмиятдарории гумрукӣ, намудҳои барасмиятдарории гумрукӣ, шаклҳо ва тартиби назорати гумрукӣ, воситаҳои техникии гумрукӣ ва тарзи дар амал истифода бурдани онҳо (вобаста аз намуди воситаҳои нақлиёт) аз наздик шинос шуда, бевосита худашон аз воситаҳои техникии назорати гумрукӣ истифода намуданд. 
Инчунин, дар санаи 21 ноябри соли равон кафедраи фаъолияти гумрукӣ бо мувофиқа бо садорати факултет семинар гузаронид, ки дар он мутахассисони соҳа полковники хадамоти гумрук Норбоев Ҳ. Ҳ. ва лейтенанти калони хадамоти гумрук, сарнозири Донишкадаи такмили ихтисос Нозимов А. Х. иштирок доштанд. Онҳо ба воситаи слайдҳо ба донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-960101 ва ихтисоси 1-96010102 шакли электронии декларатсиякунонии молу воситаҳои нақлиётро нишон доданд. Донишҷӯён бо шавқи зиёд дар он иштирок намуданд. Бояд таъкид сохт, ки кафедраи хадамоти гумрук тасмим гирифтааст, ки бештар аз 40-50 фоизи дарсҳои амалии донишҷӯёни курси 4 ихтисоси хадамоти гумрукро бо ҷалби мутахассисони соҳаи мақомоти гумрук гузаронанд, зеро ин барои омодасозии мутахассисони оянда самараи хуб медиҳад. 
Ин гуна машғулиятҳо робитаи назарияро бо амалия тақвият бахшида, завқи толибилмонро ба ихтисосашон афзун мекунанд. 


Қудратулло Мираков, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ