Хабарҳо

Аз омӯзгорони ҷавон имтиҳон гирифтанд
Чанде пеш иттилоъ дода будем, ки дар донишкада аз 1 то 18 ноябри соли равон даври аввали курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии «Маҳорати педагогӣ» оғоз шуда буд, ки дар он беш аз 20 нафар ассистенти ҷавон ва устодони камтаҷрибаи кафедраҳои донишкада шомил шуда буданд ва онҳо дар ин раванд аз нозукиҳои илми педагогика ва психологияи педагогӣ ҷиҳати самараноксозии машғулиятҳои таълимӣ бархӯрдор гаштанд.
Ёдовар мешавем, ки курсҳоро устодони ботаҷрибаи соҳаи педагогика профессор Қодир Қодиров ва дотсент Саъдулло Носиров бо маҳорат ва сифати баланд гузаштанд. Мазмуни дарсҳо моҳиятан ба масъалаҳои баландбардории сатҳи дониш, малака ва маҳорати донишҷӯён равона гардида, дар онҳо асосан нуқтаи назар ва баҳсу андешаҳо миёни шунавандагон ҷиҳати рафъсозии проблемаҳои ҷойдошта дар раванди таълим сурат мегирифт.
Пас аз итмоми курсҳои омӯзишӣ, рӯзи 20.11.2017 аз шунавандагон-ассистентони ҷавон имтиҳон қабул карда шуд, ки дар он 17 нафар комёб гардид.
Бояд гуфт, ки имтиҳонро дотсент С. Носиров қабул ва натиҷаашро қаноатбахш арзёбӣ кард. Дар ҷараёни имтиҳон мутахассиси шуъбаи мониторинги идораи сифати таълими донишкада Шералии Сайдалӣ иштирок дошт.
Хисрав Муҳиддинов